×

Kattherhef(46)

Instagram Telegram
Бозгашти “Уқоби тоҷик”: Алиев рақиби қавии амрикоишро дар UFC шикаст дод
Нурулло Алиев пас аз танаффули тӯлонӣ ба майдони муҳорибаҳои омехта баргашту пирӯзии дуюмашро дар UFC ба даст овард

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Соли 2025 барои барои Нурулло Алиев дарвоқеъ самарабахш ва бо пирӯзӣ оғоз гардид.

Ӯ рақобати дуюмашро дар UFC Fight Night 249, ки дар Лас Вегас доир гардид, бо пирӯзӣ анҷом дод.
Ҳарифи қавияш Ҷо Солекки амрикоӣ буд, ки аз 19 баромад шашумин бор мағлуб шуд. Мусобиқаи вазни сабук дар се давр пурра гузашт ва бо қарори якдилонаи доварон бо пирӯзии Алиев анҷом ёфт.
Дар ин мусобиқа размикори тоҷик аввал мебоист бо Янал Ашмоз, размикори исроилӣ мебоист вориди майдон шавад, аммо ҳариф ба далели ҷароҳат бардоштан маҷбур шуд аз набард даст кашад.
Алиеви 25-сола дар нахустин рақобаташ дар UFC бар рақиби бразилияш Рафаэл Алвеси моҳи феврали соли соли 2023 пирӯз шуда буд.
Пас аз он бо бардошти ҷароҳат ва ҷарроҳӣ бештар аз як сол марҳилаи барқароршавиро гузаронид.

Antiqa.net - Актуально, честно и кратко!

#antiqanet #antiqa #antiqa_net #umx #umxuz #umx_uz #imruz #imruz_uz
Бозгашти “Уқоби тоҷик”: Алиев рақиби қавии амрикоишро дар UFC шикаст дод
13.01.2025, 18:30
Добавил: idris | | Теги: Бозгашти “Уқоби тоҷик”: Алиев рақиб
Просмотров: 75 | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 1
avatar
1 Inomjon_19 • 08:47, 17.01.2025
1
Malades bokschilar kupaysin
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]